ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Як манбаи Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки муҳоҷирони тоҷик созиш кардаанд, ки дар назди фурӯшгоҳи "Москва" тазоҳуроти дигаре баргузор кунанд.
Бино бар иттилои манбаъ, онҳо маслиҳат кардаанд, ки имрӯз шом ҷамъ омада, аз масъулини бозор талаб кунанд, ки қазияи лату кӯби аробакашони тоҷикро шарҳ диҳанд. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, тазоҳургарони дирӯзиро, ки пулиси Маскав боздошт кардааст, озод кунанд.
Намояндаи Комиссияи сиёсати муҳоҷиратии Москва Александр Калинин ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки имрӯз ҳам назди фурӯшгоҳи "Москва" 150 муҳоҷири тоҷик ҷамъ омаданд.
Ин амали тазоҳургаронро намояндаи комиссияи муҳоҷиратии Маскав ғайриқонунӣ хонд ва гуфт, дар доираи қавонуни Русия ин қазияи лату кӯби муҳоҷир ҳал хоҳад шуд.
Чуноне ки яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ хабар дод, имрӯз низ муҳоҷирони тоҷик дар назди фурӯшгоҳ ҷамъ омада буданд.
Дар наворе, ки аз ӯ дарёфт кардем, дида мешавад, ки як масъули бозор ба назди тазоҳургарон омада ба суолҳои онҳо посух медиҳад.
Кормандони нерӯҳои интизомӣ чанд бор аз ҷамъомадагон дархост мекунанд, ки назму тартиботи иҷтимоъиро риоя кунанду пароканда шаванд. Аммо тазоҳуркунандагон сарпечӣ мекунанд ва пас аз чанде кормандони пулис омада онҳоро пароканда ва бархеро боздошт мекунанд.
Бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, ки кормандони ВУД Русия шаби 20-уми сентябр дар бозори "Москва" дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав камобеш 100 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд.