ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Барзу Абдураззоқов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи боздошту пурсуҷӯ шуданаш дар фурудгоҳи шаҳри Маскав гуфт, кормандони гумруки Русия ҳангоми боздошт, ҳеч далеле, ҳатто узви Иттиҳодияи театрҳои русӣ буданашро ба назар нагирифтанд.
"Хонуме, ки маро дар фурудгоҳи Домодедово пурсуҷӯ мекард, гуфт "аз мо талаб доранд "ҳамшаҳриёни шумо"-ро боздошту пурсуҷӯ кунем. Манзури вай аз "ҳамшаҳриёни шумо" шаҳрвандони Тоҷикистон буд, зеро гузарномаи маро дар даст дошт", — гуфт вай.
"Онҳо шумораҳои телефони ҳамроҳ ва нишониямро пурсиданд. Ин гуфтугӯ бо корманди гумрук бозпурсиеро мемонд, ки барои ман бисёр нафратовар ва таҳқиромез буд", — мегӯяд коргардон.
Афзун бар ин, ҳарчанд кормандони гумруки Русия донистанд, ки вай ба ҷашнворае даъват шудаву аҳли фарҳанг аст, пурсуҷӯи худро қатъ накарданд. Узвият дар Иттиҳодияи театрҳои русӣ дар хориҷ ҳам кумакаш накардааст.
"Рӯзҳое, ки дар Петербург будам, дар метро муҳоҷиронамонро медидам, ки боздошташон кардаву чун пода гурӯҳ-гурӯҳ дар ҷое ҷамъ карда буданд. Онҳо сарафкандаву тарсон дар иҳотаи кормандони мусаллаҳи пулис истода буданд. Мақомот ниёз ба мардуме бепушту паноҳ доштанд, то муттаҳам ба инфиҷор кунанд ва моро пайдо карданд, чун мо аз ҷониби ҳукумати худ ҳам пуштибонӣ намешавем", — гуфт коргардон ба Sputnik Тоҷикистон.
Барзу Абдураззоқов дар паёме аз раҳбарони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дархост кард, ки дар қазияи инфиҷор дар метрои Петебург аз муҳоҷирон "бузи қурбонӣ" насозанд.