Вазирони хориҷаи кишварҳои узви СПАД барои пайкор бо теруризм баёния тасвиб карданд

© Фото : МИД РТУчастие Министра иностранных дел Таджикистана в неформальной встрече министров иностранных дел государств-членов ОДКБ
Участие Министра иностранных дел Таджикистана в неформальной встрече министров иностранных дел государств-членов ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) дар вокуниш ба густариши таҳдидҳои созмонҳои теруристӣ се баёнияи муштарак тасвиб карданд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Нишасти сарони вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои узви СПАД 20 сентябр дар ҳошияи иҷлоси 72-вуми Маҷмаъи умумии СММ баргузор шуд. Дар ин нишаст роҳҳои ҳамкории СПАД бо СММ дар заминаҳои сулҳофаринӣ, амният ва пайкор бо теруризм баррасӣ шуданд.

Ҷаласаи Кумитаи амниятии СПАД дар Минск - Sputnik Тоҷикистон
Аслов бо вазирони СПАД масоили сиёсӣ ва амниятро баррасӣ кард

Дар поёни ин нишаст вазирони хориҷа се баёнияи муштарак тасвиб карданд, ки яке дар бораи таъмини суботи ҷомеъ дар ҷаҳон аст, дигаре дар бораи авзоъи Афғонистон ва таҳдид аз сӯи созмонҳои байналмилалии теруристие, ки дар вилоятҳои шимолии он ҷойгоҳашонро устувор мекунанд ва севум дар бораи муқобила бо теруризми байналмилалӣ.

Чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СПАД Юрий Хачатуров масоили баргузории нишасти Шурои амнияти дастҷамъиро дар Душанбе баррасӣ карда буданд.

Хачатуров дар ин дидор гуфт, ки қарор аст дар торихи 10-ум то 20-уми ноябр дар қаламрави Тоҷикистон размоиши Нерӯҳои муштараки зудвокуниши СПАД баргузор шаванд.  

 

Лентаи хабарҳо
0