ДУШАНБЕ, 18 июл- Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКХ ҶТ, дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои аъзои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо оид ба масъалаҳои амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкории мутақобилаи давлатҳои аъзои СПАД дар арсаи байнулмилалӣ мубодилаи афкор намудаанд.
Онҳо нақшаи машваратҳоро оид ба масъалаҳои амният ва мудофиа, масъалаҳои марбут ба амалисозии теъдоди созишномаҳо дар доираи СААД ва дигар масоили дорои хусусияти сиёсиву ташкилиро баррасӣ кардаанд.
Вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин як қатор масъалаҳои ба баррасии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД пешниҳодшавандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.