Бурду бохти вилояти Суғд: аз роҳсозӣ то афзоиши нархи наво дар бозорҳо

© Sputnik / Стас ЭтвешРынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дар оянда нобаробарии содироту воридотро ҳам аз байн хоҳанд бурд

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии мақомоти вилояти Суғд, имрӯз 20 июл дар толори расмии Боғи миллии "Ваҳдат" нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид.

Масъулин дар бораи фаъолияти мақомот гузориш дода қайд кардаанд, ки дар шаҳру навоҳии вилоят бо маблағгузории мақомот сохтмони 8 мактаб ва иншооти тиббию варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки корҳои сохтмонӣ имрӯз бомаром идома доранд.

Истеҳсоли орд

Дар давраи ҳисоботӣ бақияи қарзи андоз 4,2 милюн сомонӣ кам гардида, ҳамзамон дар натиҷаи танзими фаъолияти корхонаҳои коркарди ғалла истеҳсоли орд дар вилоят 4 маротиба зиёд шудааст.

Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии раиси вилояти Суғд аз гарон шудани нархи наво дар бозорҳо

Ҳаҷми маҳсулоти соҳаи саноати вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137,3 фисадро ташкил дода, ба беш аз 4,3 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 1,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

29 корхонаи ҷадид

Аз 90 корхонае ки сохтусозашон ба нақша гирифта шудааст, то имрӯз 29 корхона таъсис ёфтааст. Новобаста аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ гардиши савдои хориҷии вилоят рушд кардааст.

"Кӯшиши мо барои он аст, ки дар ояндаи наздик нобаробарии содиротро бо воридот баробар созем", — гуфтааст Абдураҳмон Қодирӣ.

67 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ

Дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ 43 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии нав ташкил ёфта, шумораи умумии онҳо дар вилоят ба 67 ҳазор расидааст. Кишоварзони вилоят дар ин давра ба андозаи зиёда аз 1,2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсад афзудааст.

Бунёди боғҳои интенсивӣ

Роҳбарияти вилоят соли равон низ ба ташкили боғҳои интенсивӣ таваҷҷӯҳи хос медиҳад ва  чунин боғҳои намунавӣ  дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил шудааст. То имрӯз ба 550 оила 2750 гектар замин тақсим карда шуда, 1000 гектар боғи бо усули қатрагӣ обёришаванда бунёд гардидааст. Обёрии мавзеи атрофи шаҳраки Сайҳун дар марҳилаҳои навбатӣ низ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Таъмири 1000 килуметр роҳ

Реконструкция трассы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ноҳия: нӯҳ милюн сомонӣ барои таъмири роҳҳои Ашт ҷудо шуд

Давоми шаш моҳи соли равон 1000 килуметр роҳҳои вилоят таъмиру азнавсозӣ шудаанд, ки 44 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмиру мумфаршкунии роҳҳои Зафаробод-Дӯстӣ дар ноҳияи Зафаробод, Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич ҷараён дорад. Барои таъмири роҳҳо дар соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 40 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дастрасӣ ба оби тоза

Раиси вилоят таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масъалаи дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ҷалб намуд. Тавре таъкид шуд, барои татбиқи Барномаи вилоятии “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” аз ҳамаи сарчашмаҳо 37 миллион сомонӣ маблағ равона карда мешавад.

20 ҳазор довталаб

Раиси вилоят дар идомаи сӯҳбат доир ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ маълумот дод. Зикр гардид, ки дар мавсими имсола 20 ҳазор нафар  ё худ 56 дарсади хатмкунандагони вилоят дар Маркази миллии тестӣ аз қайд гузашта, диққати асосӣ ба сохтмони мактабу кӯдакистонҳои хусусӣ равона карда мешавад.

Дар шуъбаи эҳёгарӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
5 миллион сомонӣ барои таъмири беморхонаҳо

24 милюн барои соҳаи тандурустӣ

Дар соҳаи тандурустӣ ташкили кабинаҳои нурафканӣ дар маркази саратоншиносии вилоятӣ ва азнавсозии он бо маблағи 24 млн сомонӣ дар ҳамдастӣ бо ташкилоти МАГАТЕ аз дастовардҳои табибони вилоят аст, ки дар ояндаи наздик роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар ин радиф таъмиру азнавсозии як қатор муассисаҳои тиббӣ низ идома дорад.

Нархи навои маҳсулот дар бозорҳо

Бино аб гузориши манбаъ,  Абдураҳмон  Қодирӣ ба пурсишҳои ҳозирин оиди нақлиёти мусофиркаш, фаъолияти амволи хусусигардонидашуда, дастрасии аҳолӣ ба оби тоза, фаъолияти вакилони халки вилоят, нархи маҳсулот дар бозорҳо, раванди ободонӣ дар маркази вилоят ва  ғайра посухҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0