ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ширкати "Қирғизтелеком" дар марз бо Тоҷикистон бунгоҳи иртибототӣ месозад, ки роҳандозии он трафики интернет дар Тоҷикистонро афзоиш дода ва заминаро барои беҳбуди хадамоти интернетӣ фароҳам мекунад.
Ба гузориши даргоҳи хабарии "24.kg", мақомоти ширкати "Қирғизтелеком" эълом кардаанд, ки бо баҳрабардорӣ аз ин бунгоҳ, ки дар марз бо Тоҷикистон сохта мешавад, имкони баҳрагирӣ аз тавони ин марказ дар шароити қатъи интернет, афзоиши даромади ин ширкат ва тақвияти суръати иртибот бо Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.
Ширкати "Қирғизтелеком" гуфта, ки сохту роҳандозии ин бунгоҳ ниёзҳои рӯзафзуни Тоҷикистон ба афзоиши трафики интернетро бароварда карда кайфияти фаъолияти ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернетиро беҳбуд хоҳад дод.
Ин бунгоҳи иртибототи интернетӣ то поёни имсол ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.