Шикори теруристҳо дар Интернет: Тоҷикистон роёпулис роҳ андохт

© REUTERS \ Kacper Pempel/Files Хакер, архивное фото
Хакер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон барои пайкор бо теруризм, ифротгароӣ ва табаҳкории созмонёфта дар Интернет роёпулис ё Cyber police бунёд кард

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар сохтори Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ягонҳои пулиси роёникӣ ё роёпулис (Cyber police) оғоз ба кор кардаанд. Яке аз ин ягонҳо дар Раёсати мубориза бо табаҳкориҳои созмонёфта ва дигаре дар Раёсати бозҷӯии ҷиноӣ ташкил шудаанд. 

Саймумин Ятимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дараҷаҳои нави Юсуф Раҳмон, Рамазон Раҳимзода ва Саймумин Ятимов

Ин ягонҳо падидаҳои ҳаросафканӣ, тундравӣ ва табаҳкориро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пайгирӣ хоҳанд кард.

Вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода дар ин бора гуфт, ки Тоҷикистон дар ин замина бо Чину Русия ҳамкорӣ мекунад ва чанде аз кормандони вазоратро барои омӯзиш ба кишварҳои дигар фиристодааст.

Раҳимзода афзуд: "Мо ҳама талошамонро барои омодасозии беҳтарин коршиносон дар заминаи роёпулис хоҳем кард, зеро ин мавзуъ яке аз мубрамтарин масоили мубориза бо табаҳкориҳои созмонёфта аст".

Ба гуфтаи вай, бисёре аз касонеро, ки ба гурӯҳакҳои мамнуъшуда пайвастаанд, дар интернет ба воситаи вебгоҳҳои шинохташудае фирефта шудаанд.

Рустам Қосимов, мудири Бунёди иҷтимоии "Интернет" дар Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд, ки аз эҳтимол дур нест, ки джар оянда роёпулиси ҷаҳонӣ зери назари Созмони милали муттаҳид роҳандозӣ шавад.

Вай тавзеҳ дод, ки барои бунёди чунин сохторе лозим аст, ки кишварҳои ҷаҳон равиши муштаракеро барои арзёбии таҳдидҳо падид оваранд.

"Агар кишварҳои ҷаҳон дар арёзбии таҳдидҳои созмонҳои теруристӣ ба дидгоҳи воҳиде даст ёбанд, метавонанд роёпулиси ҷаҳониро падид оваранд", — гуфт вай.

ВУД Тоҷикистон эълом кардааст, ки имсол дар ин кишвар беш аз 130 касро, ки бо созмонҳои теруристӣ аз тариқи фазои маҷозӣ иртибот доштанд, боздошт кардааст. Ҳамчунин беш аз 70 пойгоҳи интернетии вобаста ба созмонҳои теруристиро низ бастааст.

Лентаи хабарҳо
0