Афзалшо Шодӣ: суруди "Самарқанд"-ро дар Узбакистон намехонам. Он вақтҳо гузаштаанд

© SputnikНародний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Ҳоло даврае расад, ки бояд равобити Тоҷикистону Узбакистон беҳтару хубтар шаванд,- гуфт мудири Филармони давлатии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки торихи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон муайян шудаст.

Бино бар гузориши ин ниҳод, Тоҷикистон фарҳангашро дар кишвари ҳамсоя аз 10-ум то 14-уми октябр намоиш медиҳад.

Дар ин росто Sputnik Тоҷикистон бо яке аз ширкаткунандагони ин барнома — Афзалшо Шодиев, мудири Филармонияи давлатии Акашариф Ҷӯраев суҳбат кард ва аз омодагии ҳайъати ҳунариву фарҳангии Тоҷикистон барои ин маросим пурсид.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон гуфт, ин ҳайъат ба раҳбарии муовини аввали вазири фарҳанг Ибодулло Машрабзода барои намоиш дар Узбакистон барномаҳои ҷолиб омода мекунад.

Ба гуфтаи вай, ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Зебо Аминзода низ барои омода кардани барномаи рақсӣ ҷалб карда шудааст.

Вай гуфт, куллан ҳайъати ҳунарии Тоҷикистон аз 45 нафар иборат аст.

Мудири Филармонияи давлатӣ афзуд, сурурдҳое, ки омода мекунанд, дар мавзуъҳои дӯстӣ, Ватан, дастовардҳои Тоҷикистон, ишқу муҳаббат ҳастанд.

"Ҳама кӯшишҳои мо — ҳунармандон низ хубтару беҳтар гаштани равобити дӯстии ду кишвар аст. Зеро акнун сарони ду кишвар низ муносибатҳои хуб доранд ва якдигарро эҳтиром мекунанд. Бигзор муносибатҳо беҳтар шаванд", — таъкид кард вай.

Авзалшо Шодиев выступает на торжественном приеме в честь 25-летия Независимости Республики Таджикистан в отеле Ритц-Карлтон - Sputnik Тоҷикистон
Афзалшоҳ Шодиев: 25 соли ҷудоӣ ба тоҷикон ва узбакон мушкил афтод

Афзалшо Шодиев дар посух ба ин суол, ки оё ин барномаҳо танҳо дар Тошканд намоиш дода мешаванд, гуфт: "Ҳоло ҳамин қадр дақиқ аст, ки ҳунарпешаҳо ба Тошканд мераванд. Он тарафаш дар дасти онҳост. Ба ҳар шаҳре, ки даъват карданд, ҳамон ҷо мераванд".

"Вақте, ки Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор шуд, мо онҳоро ба дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ҳам даъват кардем. Акнун мо дар Узбакистон меҳмон мешавем", — афзуд ӯ.

Афзалшо Шодиев ҳамчунин афзуд, ки барои ин сафар 10 суруд омода кардааст.

"Суруди "Ҷавони рафт" ва "Ватанро"-ро  мехонам, ки ансамбли "Зебо" дар ҳавои он рақс хоҳад кард", — гуфт вай.

Ин овозхони номӣ дар посух ба ин сол, ки оё суруди "Самарқанду Бухоро"-ро ҳам месароед, гуфт: "Не, акнун замони суруди "Самарқанд" ва дигарҳо гузаштанд. Мо ҳоло дар давраи дӯстиву барқарорсозии муносибатҳо қарор дорем. Ва бояд дили ҳамдигарро бо суханҳои хуб ёбем".

Дилҷӯиву дилбандӣ,

Чун шаҳри Самарқадӣ.

Дар ханда агар оӣ,

Чун шаҳри Бухороӣ…

Лентаи хабарҳо
0