ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар ин бора ВУХ Тоҷикистон хабар дода, меафзояд, ки ин масъала дар дидори сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии мамлакати саудӣ Юсуф Саъдун баррасӣ шудааст.
Дар ин мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд.
Ҳамоиши иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 15-16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.