Пайкҳои артишии Русия ва Тоҷикистон дар заминаи номарасонии низомӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард

Обуна шудан
Ҳамкорӣ дар заминаи пайку номарасонии низомӣ ба манзури нигаҳдошти номанигории низомӣ миёни Ситоди фармондеҳии марказӣ ва ягонҳои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Пешнависи Созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи пайку номарасонии низомӣ миёни давлатҳои Русия ва Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси қонунгузори Русия супурда шуд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Девони вазирони Русия, қарори ирсоли ин пешнавис ба маҷлиси Дума имрӯз тасвиб шудааст.

Дар ин қарор гуфта мешавад, ки тасвиби ин созишнома ҳамкории Русияву Тоҷикистонро дар заминаҳои пайку номарасонии низомӣ ба манзури нигаҳдошти номанигории низомӣ ҳангоми фиристодану дарёфти он аз Ситоди фармондеҳии марказӣ ба ягонҳои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон густариш хоҳад дод.

Бо тасвиби ин санад пайкҳои артишӣ ва номарасонҳои низомӣ иҷоза хоҳанд ёфт, ки аз ҳавопаймоҳо, қаторҳо ва худравҳо барои таъмини амният ва таробурди сареъи муросилот баҳрагирӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0