ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Аун Сан Су Чӣ имрӯз дар суханонӣ дар Маҷлиси қонунгузори Миёнмор хушунатеро, ки тарафҳои даргир дар иёлати Рохин бар якдигар мекунанд, маҳкум кард.
Ин нахустин бор аст, ки раҳбари Миёнбор аз замони оғози муноқишаи қавмиву динӣ дар иёлати Рохин дар соли 2012 дар ин бора сухане мегӯяд.
"Мо хушунатҳоеро, ки тарафҳои даргир дар иёлати Рохин бар якдигар раво медоранд, маҳкум мекунем. Ҳама касоне, ки дар раванди ин муноқиша қонуншиканӣ кардаанд, посухи рафторашонро дар додгоҳ хоҳанд дод", — эълом кард Аун Сан Су Чӣ ва бо осебдидагон дар ин муноқиша ҳамдардӣ кард.
Вай афзуд: "Чуноне, ки порсол дар нишасти Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид гуфтам, Миёнмор ба унвони як узви масъули ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳаросе аз таҳқиқоти байналмилалӣ дар ин бора надорад ва ба ёфтани роҳи ҳалле бодавом барои дастёбӣ ба субот ва тавсеъа барои ҳамаи ақвом дар иёлати Рохин мутааҳҳид аст".
Раҳбари Миёнмор ҳамчунин гуфт, ки давлат хостори барқарории оромишу амният ва суботу назм дар иёлати Рохин аст.
Аун Сан Су Чӣ аз аҳволи мусулмононе, ки ба Банглодеш мегурезанд, нигарон шудаву гуфт: Миёнмор барои кумак ба бозгашти оворагони руҳинҷоӣ ба кишвар омода аст.