ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Бино бар гузориши хабаргузории ТоҷикТА, Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон кардааст, ки бумби ғайриҳастаии қудратманд дорад.
Манбаъ бо истинод ба хабаргузории "Тренд" менависад, фармондеҳи Нерӯҳои ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон сартип Амиралӣ Ҳоҷизода гуфтааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ бумберо бо вазни ҳудуди 10 тон дорад, ки дар дохили кишвар тавлид шудааст.
Ба гуфтаи сартип Ҳоҷизода, Созмони саноеъи дифоъӣ бо супориши Нерӯҳои ҳаво-фазо бумбе бо вазни ҳудуди 10 тон тавлид кардааст, ки мешавад онҳоро аз ҳавопаймои "Ил" партоб кунад ва ин бумб тавоноии бузурги тахрибро дорад.
Сартип Ҳоҷизода афзудааст, агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико "модари ҳамаи бумбҳо"-ро дорад, Эрон ҳам дорои "падари бумбҳо" шудааст.
Амрико дар миёни моҳи апрел бар зидди ДОИШ дар Афғонистон бумби қудратманди ғайриҳастаии GBU-43-ро истифода карда буд, ки "модари ҳама бумбҳо" хонда шудааст.