ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз хабар дод, ки рӯзи гузашта ронандае кӯдаки 8-солаеро бо худрави "Опел-Астра" пахш кардааст, ки дар натиҷа ноболиғ ба ҳалокат мерасад.
Бино бар иттилои манбаъ, ин ҳодиса 18-уми сентябри соли равон дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён дар ҳудуди ҷамоати деҳаи Ҳалевари ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ рух додааст.
Рронанда Маозиддин Ҳафизов ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, Муҳаммадҷон Ётимови 8-соларо, ки дар синфи 2 таҳсил мекардааст, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон вафот мекунад.
ВУД мегӯяд, таҳқиқи ин ҳодиса давом дорад.