ДУШАНБЕ, 17 сен- Sputnik. Дар Маскав ба муносибати 50-солагии ҳунарманд, дорандаи ҷоизаи "Ниқоби тиллоӣ" ва дипломи ҷашнвораи "Равзана ба Урупо", қаҳрамони филми ҳуҷҷатии "Суруди Абдул" - Абдумамад Бекмамадов шоми эҷодӣ баргузор шуд.
Ба табрики ин марди ҳунар ёру дӯстон, хешу пайвандон ва ҳамкорону ҳамшаҳриҳояш омада буданд. Аксари тамошобинон бо аҳли хонавода ба толор дохил шуданд.
Агар бархе фақат ба табрики ҳунарманд омада бошанд, қисми дигаре ба хотири ошноӣ бо фарҳанги тоҷикона омада буданд.
Хонум Зебуниссо чандин сол пеш ҳамроҳи хонаводааш ба Русия кӯчидаву ҳамакнун ин ҷо ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки насли наврсе, ки дар Руия ба воя расидаанд бо фарҳанги мардуми худ аз наздик ошно шаванд.
"Ман кӯшиш мекунам фарзандонамро ба чунин чорабиниҳо бештар биёрам, то аз фарҳангамон дур нашаванд. Имрӯз ҳам ҳамроҳи духтарам ба тамошои консерт омадам", — гуфт хонум Зебуниссо дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Шоми эҷодии Абдумамад Бекмамадов бо суханони Усмон ва Маърифат-муҷриёни банома оғоз шуду ба саҳна гурӯҳи ҳунарии "Помир" бо раҳбарии ҳунарманд пайдо шуда бо суруди "Салом" тамошобинонро ба шоми эҷодӣ хушомадед гуфтанд.
Фазои толори консертӣ гарм буд. Тамошобинон худро дар фахои дӯстӣ дарёфтанд.
Барномаи шоми эҷодӣ аз ду қисм иборат буд: қисми аввал аз намоише, ки "Ман 25 сол дорам" унвон гирифта буд. Ин намоиш зиндагии кӯдакии Абдумамадро то замони муҳоҷират ба Русия дар бар гирифт.
Қисми дуюми барнома ҳунарнамоии овозхонони машҳур аз қабили Манучеҳри Хайрулло, Расули Давлатбек, Орзу Аловат, Муҳиб Бекмамадов, ансамлби рақсии "Духтарони Бадахшон" ва дигар фарҳангкорон иборат буд.
Ҳамчунин дар барнома ҳунарнамоии ҳаҷвнигорон — Абдумамад Бекмамадов ва Суруши Бунёд, ки худро "Абдуш ва Суруш" унвон кардаанд пешкаши тамошобинон гардид.
Ҳаҷвнигорон сархушиҳои тоҷикони Маскавро дар тӯйҳо танқид мекарданду суруди машҳури "Шоҳи мо омад"-ро бо забони шухӣ суруда тамошобинонро ба ханда оварданд. Мухлисон пас аз ҳар шухии баҷои ҳаҷвнигорон бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол мекарданд.
"Мумкин ду се сол мешавад, ки бо забони помирӣ ва он ҳам дар Маскав саҳнаҳои ҳаҷвиро надидаам. Бисёр писандам омад, ҳатто аз чашмонам ашки шодӣ равон шуд", — гуфт яке аз тамошобинон.
Муҷрии барнома-Усмон аз фурсати муносиб ва истиқболи гарми мардум аз ҳаҷвнигорон истифода карда гуфт, ки ба наздикӣ боз як имконияти дигари хандидан барояшон муҳайё хоҳад шуд. Ӯ хабар дод, ки моҳҳои оянда КВН Помир дар Маскав баргузор хоҳад шуд.
Толори консертӣ аз тамошобинон пур набуд, вале аз кафкӯбиҳои пурмавҷи тамошобинон чунон ба назар, ки он пур аз мардум аст.
"Дар толор 300 нафар ҷамъ шуд. Бархе аз тамошобинон бехабар монданд. Чун нахуст қарор буд, ки консерт рӯзи 9 сентябр баргузор шавад вале бо сабаби таҷлили 870 солагии Маскав, шоми эҷодӣ ба имрӯз (16 сентябр — шарҳ аз идора) гузаронида шуд. Шояд ба ин далел тамошобинон камтар омаданд, — гуфт яке аз созмондиҳандагони консерт.
Абдумамад Бекмамадов натанҳо миёни тоҷикони Маскав балки байни фарҳангиёни рус пас аз нақшофарӣ дар филми "Суруди Абдул" машҳур шуд.
Шоми эҷодӣ ба муносибати 50-солагии ҳунарманд-Абдумамад Бекмамадов бо ибтикори созмони "Нур" дар Маскав гузаронида шуд.
"Дар ташкили ин шоми эҷодӣ бароям мушкилие пеш намомад, чунки ҳам ёру дӯстон ва ҳамагон дар ташкили он ба ман кӯмак карданд", — гуфт Абдумамад Бекмамдов дар суҳбат Sputnik Тоҷикистон.
Айни замон Абдумамад Бекмамадов гурӯҳи халқии "Помир"-ро раҳбарӣ мекунаду нақшаҳои зиёде дар сар дорад, ки дар роҳи амалии онҳо талош мекунад.