ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Рӯзи зодрӯзи ин марди ҳунар ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада бо дастгирии Созмони ҷамиятии "Нур" гузаронида мешавад.
Дар ин бора Бекмамадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки барномаи шоми эҷодӣ аз ду қисм иборат хоҳад буд.
"Қисми аввал аз намоише иборат аст, ки "Ман 25 сол дорам" унвон гирифтааст. Ин намоиш зиндагии кӯдакиамро то замони муҳоҷират ба Русия дар бар мегирад. Қисми дуюми барнома ҳунарнамоии овозхонони машҳур аз қабили Манучеҳри Хайрулло, Расули Давлатбек, Орзу Аловат ва дигаронро дар бар хоҳад гирифт", — гуфт Бекмамадов.
Ҳамчунин дар барнома ҳунарнамоии ҳаҷвнигорон — Абдумамад Бекмамадов ва Суруши Бунёд, ки худро "Абдуш ва Суруш" унвон кардаанд дар назар аст.
Ин барномаи ҳунарӣ рӯзи 9 сентябр соати 19:00 дар толори "Хонаи кино"-и Маскав воқеъ дар кӯчаи Василевская хонаи 13 баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки дар баробари овозхонони тоҷик дар ин барномаи фарҳангӣ гурӯҳи русии "Аркадий Котс" ҳунарнамоӣ кунад.
Пештар хабар дода будем, ки ҳунарманди тоҷик Абдумамад Бекмамадов барои офаридани нақши худ дар филми мустанади "Суруди Абдул" барандаи ҷоизаи ҷашнвораи "Равзана ба Урупо" шуд.