ДУШАНБЕ, 17 сен- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, моҳҳои октябр-ноябри соли 2017 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мешаванд.
Рустам Эмомалӣ масъулинро муваззаф кардааст, "гусел намудани даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ва муташаккилона пешвоз гирифтани хизматчиёни ҳарбиеро, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд бо шукӯҳ ба роҳ монанд".
"Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вазифадор шуданд, ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба нуқтаҳои даъватӣ кӯмак расона нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои лозимии пешгириро амалӣ намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд", — омадааст дар қарори раиси шаҳри Душанбе.
Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон низомиёнеро, ки муддати хидматашон ба поён расидааст, рухсат дода, дигар шаҳрвандонро ба хидмати низомӣ даъват кард.