Бозгашт ба Шуравӣ: қарори Рустам Эмомалӣ оиди пешвоз ва гусели бошукӯҳи сарбозон

© Sputnik / Александр Лыскин / Гузариш ба медиабонкПешвозгирии аскарон.
Пешвозгирии аскарон. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустам Эмомалӣ бо имзои як қарор масъулинро муваззаф кардааст барои тозасарбозон маросими бошукӯҳи гусел ба артиш баргузор кунанд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Фарохони хидмати низомӣ ва анҷоми сарбозӣ барои шаҳрвандони зодашуда дар солҳои 1990 — 1999 бо маросими бошукӯҳ баргузор карда хоҳад шуд.

Бино ба иттилоъи равобити умуми шаҳрдории Душанбе, Рустам Эмомалӣ масъулинро муваззаф кардааст, "гусел намудани даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ва муташаккилона пешвоз гирифтани хизматчиёни ҳарбиеро, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд бо шукӯҳ ба роҳ монанд".

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳамчунин муваззаф шудаанд, ки 10 корманди фанниро дар ихтиёри калонтариҳои низомӣ қарор диҳанд то "доир ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои "Рӯзи даъватшаванда", тағрибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва муқаррароти конститутсионӣ дар бораи вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд оид ба ҳифзи Ватан тадбирҳо андешанд".

Комиссари низомии шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки то якуми июн ҳар даҳрӯза дар бораи раванди даъвати шаҳрвандон ба хидмати низомӣ ба шаҳрдорӣ гузориш диҳад.

Лентаи хабарҳо
0