ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ба Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Абдуллоҳ ном ҷавоне муроҷиат кардааст, ки оё аз нигоҳи Ислом хонадор шудан ба зани бедин ё намояндаи дини дигар дуруст аст.
Ҷавон менависад:
— Ман дар хориҷи кишвар ҳастам ва мехоҳам, ки дар ин ҷо зан бигирам. Оё ман метавонам, ки духтари бедин ё духтареро, ки дар дигар дин аст, ба занӣ бигирам? Чунки дини Ислом маҷбурӣ нест ва ман ҳақ надорам, ки ӯро маҷбур ба дини Ислом дароварам. Инчунин ҳадиси Пайғамбар (с) аст, ки мефармояд: "Шумо занҳоро аз рӯи диндорӣ интихоб намоед". Лутфан ба ман бигӯед, ки ман метавонам бо духтари бедин никоҳ карда зиндагӣ кунам?
Шурои уламои Тоҷикистон дар посух ба ин суоли Абдуллоҳ гуфтааст, издивоҷ ба зани масеҳӣ ё яҳудӣ дуруст аст, аммо беҳтараш ба зани мусалмон хонадор шавед.
"Бародари азиз, никоҳ кардан бо зане, ки пайрави дини яҳудӣ ё масеҳӣ аст, ҷоиз мебошад. Албатта никоҳ бо зани мусулмон беҳтару хубтар аст. Аммо никоҳ бо зани маҷусӣ ё бутпараст дуруст нест",- омдааст дар посухи Шурои уламо.
Чанде пеш хабари хонадор шудани ҷавони 22-солаи тоҷик ба зани 56-солаи рус дар Тоҷикистон ҳангома гашт. Қисме аз мардуми кишвар хонадоршавии ҷавонро кори шахсии вай гуфтанд, қисми дигаре ӯро зери тозиёнаи интиқод қарор доданд.
Аммо ҳамсари Довуд- Светлана гуфт, исломро қабул кардаасту ҳатто мухолиф нест, ки шавҳараш зани дувум гирад.