ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи "Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин"-и роҳи мошингарди "Кӯлоб-Қалъаи Хумб" оғози расмӣ бахшид.
Бино бар иттилои дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ин қитъаи роҳ 32 километрро ташкил дода, бо харҷи зиёда аз 51 миллион доллар мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор мегирад.
Дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 39 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 40 ҳазор метр, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ дар масофаи 10 ҳазор метр, 2 пули мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафту омади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.
"Баъди оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар қитъаи "Шӯрообод-Шоҳон"-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумбро дар фазои тантанавӣ мариди баҳрабардорӣ қарор доданд",- гуфта мешавад дар иттилоъ.
Масофаи роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон 40 километр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Фонди Рушди Саудӣ, Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб, Фонди Абу — Дабӣ ва Фонди ОПЕК бо харҷи қариб 85 миллион доллар куллан навсозӣ шуда, корҳои сохтмониро асосан дар ин масир коргарону мутахассисони Ширкати муштараки Комбайнд групп Контрактинг-Текар Лимитед ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расониданд.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2011-ум расман сохтмони роҳро оғоз бахшида буд.