Пирӯзӣ: варзишкори тоҷик зери сарпарастии Владимир Путин размоиш кард

Обуна шудан
Варзишкори тоҷики муқими Русия Маҳмадбек Маҳмадбеков дар сабқати байналмилалии дзюдо ба номи Дзигаро Кано ғолиб омад

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тавре мураббии ҷудокори тоҷик Эргаш Маҳмадбеков ба Sputnik Тоҷикистон итилоъ дод, сабқат дар шаҳри Владивостоки Русия зери сарпарастии раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ баргузор  гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, варзишкори тоҷик Мамҳмадбек Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо дар вазни 66 кг размоиш карда, ҷойи 3-умро гирифтааст.

Мурабии варзишкор гуфт, ин ҷудокори тоҷик дар сабқатҳо Русияро намояндагӣ мекунад.

Эргаш Маҳмадбеков дар маросими ҷоизагирии  Миллион на добрые дела дар шаҳри Иркутск - Sputnik Тоҷикистон
Эргаш Маҳмадбеков: шаҳри Иркутскро маркази дзюдо гардонидем

Дар давраи ниҳоӣ раисҷумҳури Русия Владимир Путин,  сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ, раисҷумҳури Манголия Синдзо Абэ ва раисҷумҳури Корея  Мун Джэин ҳузур доштанд.

Мурабии Маҳмадбеков гуфт, варзишкор аллакай ба мусобиқаи дигар- Қаҳрамонии Русия раҳсипор гаштааст.

Пештар хабар дода шуд, Маҳмадбек Маҳмадбеков- варзишгари ҷовони тоҷик дар сабқати саросарии Русия иштирок карда, дар он ғолиби кулл шуд.

Маҳмадбеков Маҳмадбек варзишгари ҷавони тоҷик, 17 сол дорад ва дар Федератсияи дзюдо ва самбои шаҳри Иркутск тамрин мекунад.

Лентаи хабарҳо
0