Эргаш Маҳмадбеков: шаҳри Иркутскро маркази дзюдо гардонидем

© Страница Эргаша Махмадбекова в FacebookЭргаш Маҳмадбеков дар маросими ҷоизагирии "Миллион на добрые дела" дар шаҳри Иркутск
Эргаш Маҳмадбеков дар маросими ҷоизагирии  Миллион на добрые дела дар шаҳри Иркутск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эргаш Маҳмадбеков- президенти Федератсияи самбо ва дзюдои шаҳри Иркутск, устоди варзиш мегӯяд, ки ҳанӯз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ба Русия омадааст. Ҳоло бошад Маҳмадбеков дзюдо ва самборо дар шаҳр пеш мебарад ва дар ин ҷода ба муваффақиятҳо ноил шудааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik, Фарида Бобоҷонова.Имрӯз маросими ботантанаи ҷоизасупории раиси шаҳри Иркутск тибқи натиҷаҳои лоиҳаи ҷамъиятии "Миллион на добрые дела" баргузор гадид, ки дар он Федератсияи дзюдо ва самбои шаҳри Иркутск ҷойи севвумро гирифит,  хабар медиҳад Эргаш Маҳмадбеков дар саҳифаи  Facebook.

Чуноне, ки худи устоди варзиш ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, "Миллион на добрые дела"- барномаи махсусест, ки ҳамасола байни муассисаҳои варзишии шаҳр баргузор мешавад.

© Страница Эргаша Махмадбекова в FacebookДипломи озмуни "Миллион на добрые дела"
Диплом мэра г. Иркутска по итогам Конкурса социально-значимых проектов Миллион на добрые дела, врученный  Эргашу Махмадбекову  - Sputnik Тоҷикистон
Дипломи озмуни "Миллион на добрые дела"

Ба гуфтаи Маҳмадбеков имсол дар ин лоиҳа зиёда аз 50 муассисаҳои варзишии давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳр иштирок намуданд.

"Федератсияи дзюдо ва самбои шаҳри Иркутск дар байни ин муассисаҳо ҷойи саввумро барои дастоварҳои федератсия дар  соли 2016 гирифт ",- мегӯяд вай.

Дар давоми соли гузашта федератсия дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ иштирок намуда, варзишгарони  он дар байни ҷавонони то 21-сола дар вазни 60 кг чемпиони Русия гардиданд, ки ин нишондод дар таърихи  Русия бори аввал ба вуқӯъ омадааст.

Ба гуфтаи Эргаш Маҳмадбеков вай ҳамчун президенти Федератсияи самбо ва дзюдои шаҳри Иркутск соли чандум аст, ки дар шаҳр мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми раиси шаҳрро ташкил мекунад.

"Имсол низ ба нақша гирифтаем, ки  Ҷоми раиси шаҳр оид ба дзюдоро баргузор намоем, ки дар он варзишгарони  зиёда аз 15 давлатҳо иштирок хоҳанд кард. Мо варзишгарони тоҷикро низ ба ин мусобиқа даъват кардаем",- илова намуд устоди варзиш.

Дар байни тамринкунандагони дзюдо ва самбо дар Иркутск тоҷикони зиёде ҳастанд, ки муваффақ ва фаъоланд, мегӯяд мураббӣ.

Ба ҷоизадорони "Миллион на добрые дела" мукофотпулӣ бо маблағи муайян дода мешавад.

Эргаш Маҳмадбеков- президенти Федератсияи самбо ва дзюдои шаҳри Иркутск, устоди варзиш мегӯяд, ки  ҳанӯз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ба Русия омадааст.  Ба гуфтаи Маҳмадбеков шаш бародари вай ҳама варзишгар буда, ҳоло дар Русия қарор дорад ва яке аз онҳо — Фотеҳ Маҳмадбеков — ёрдамчии сармураббии дастаи Мунтахаби Русия ба ҳисоб меравад.

Расул Боқиев - Sputnik Тоҷикистон
Расул Боқиев: омодаам паҳлавонони тоҷикро дар Маскав машқ диҳам

"Дар Русия як насли варзишгари тоҷик- аз оилаи мо ба воя расида истодааст. Яке аз пайвандони мо- Маҳмадбек дар вазни 60 кг дар мусобиқаи дзюдои ҷавонон ҷойи 1-умро ба даст оварда, чемпиони Русия гардид, ки ин дар таърихи дзюдои Русия бори аввал аст",-  илова намуд вай.

Федератсия ҳоло ба Ҷоми Аврупо ва ҷаҳон оид ба дзюдо омодагӣ мебинад ва бо тамоми федератсияҳои шаҳр ҳамкорӣ мекунад.

"Санаи 25-уми феврал Мусобиқаи байналмиллалӣ ташкил мекунем,  ба он  мунтахаби Ҷопон,  Куриё, Фаронса, Итолиё ва Муғулистонро даъват намудаем",- мегӯяд президенти федератсия.

Ба як сухан,  мо Иркутскро маркази дзюдо дар Сибир гардонидаем, гуфт Эргаш Маҳмадбеков варзишгари тоҷики муқими Русия дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0