Бунёди мактаби нав дар деҳаи Рухчи водии Бартанг

© Фото : Пресс-служба 201 РВБШкола № 1 города Душанбе
Школа № 1 города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин мактаб бо дастгирии молии соҳибкор - Нағзибек Нағзибеков бо сарфи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст

ДУШАНБЕ, 12 сен— Sputnik. Расонаҳои расмии Тоҷикистон аз ифтитоҳи бинои нави мактаб дар деҳаи Рухчи ҷамоати Савноб хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки мактаб бо ташаббуси ВКД ва дастгирии молии соҳибкор — Нағзибек Нағзибеков бо сарфи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Бино дар рӯзҳои ҷашни 26-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шудааст.

Шӯъбаи нав дар табобатхонаи марказии шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Дар табобатхонаи шаҳри Хоруғ шӯъбаи нави гемодиализ фаъол шуд

Ба иттилоъи манбаъ, дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимӣ раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар, сардори раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев ва муовини сардори раёсати ВКД дар ВМКБ Эраҷ Азизмамадов ширкат кардаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хоруғ коргоҳи иистеҳсолӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.

Ин коргоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Садрия Мародмамадова бунёд шудааст. Дар ин корхона меваю сабзавоти Бадахшон коркард мешавад.

Барои омода намудани маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаи "Mountain foods" аз маҳсулоти хоми маҳаллӣ истифода мешавад. Яке аз маҳсулоти ниҳоии корхона "Popato chips" мебошад.

Лентаи хабарҳо
0