ДУШАНБЕ, 7 сент — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, ин шӯъба дар остонаи Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ҳамчун тӯҳфа аз ҷониби Вазорати тандурустӣ, мақомоти вилоят ва Шабакаи тавсеъаи Оқохон ташкил шудааст.
Манбаъ аз қавли масъулини Вазорати тандурустӣ менависад, ки ба фаъолият оғоз кардани ин шӯъба имкон медиҳад, бемороне ки ба касалии норасогии шадид ва бемории музмини гурда гирифторанд тавассути дастгохи нави гемодиализ табобатшаванд.
Бинои шуъба бо маблағгузории мақомоти давлатӣ аз таъмир бароварда шуда, дастгоҳи муосир аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дастрас гардидааст.
"Бунёди тавсеъаи Оқохон оид ба тандурустӣ низ дар мавриди истифода қарор додани шӯъбаи мазкур саҳми арзанда дорад", — омадааст дар хабарнома.
Шодихон Ҷамшед раиси ВМКБ зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани шӯъбати нав гуфтааст, ки ин дастгириҳо ҳар як табибро водор месозанд, то бо дасту дили нек фаъолият намуда, дар солимии аҳолии саҳмгузор бошад.