Пирӯзии дастаи "Вамар" дар сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон

Обуна шудан
Дастаи "Вамар" бозиро бо тими "Вамд" дар даври асосӣ мусовӣ (2:2) анҷом доду дар бахши пеналти бо ба нишон расонидани нӯҳ гол мақоми аввалро соҳиб шуд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар майдони Авангарди Маскав, даври ниҳоии сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон баргузор шуд.

Сабқат дирӯз, 10 сентябр бо пирӯзии дастаи "Вамар" ба анҷом расид.

Дар ин бора намояндаи Кумитаи футболи созмони ҷамъиятии "Нур" Ҳиммат Маҳбатов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки ҳамаи аъзоёни гурӯҳ бо медалҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҷоми Рӯшонро ба дастаи ғолиб масъули ноҳияи Рӯшон Зураб Муборакшоев дар вазъи тантанавӣ тақдим кард.

Дастаи Вамар ҷомро таҳти навои доира ба майдон бароварданд - Sputnik Тоҷикистон
Дастаҳои "Вамар 1" ва "Вамд 1" дар даври ниҳоии Ҷоми Рӯшон рақобат мекунанд

Мақоми дуюми мусобиқа насиби дастаи "Вамд" ва ҷои сеюмро тими "Барзуд" аз худ кард.

Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Нур" ва "Помир" бо дастгирии Федеросюни муҳоҷиратӣ ташкил шудааст.

Имсол барои ҷои якум 60 ҳазор, ҷои дуюм 40 ҳазор ва мақоми сеюм 20 ҳазор рубл ҷудо шудааст.

Ин сабқатро доварони касбии рус ва довталабони созмони "Нур" баҳогузорӣ карданд.

Имсол дар мусобиқаи футбол 14 даста — "Вамд — 1", "Дерзуд — 1", "Вамд — 2", "Деҳрӯшон", "Дерзуд — 2", "Барзуд", "Вамар — 2", "Шидз", "Собиқадорони Вамар", "Пастхуф", "Дӯстӣ", "Баррӯшон", "Вамар — 1" ва "Шуҷанд" ширкат карданд.

© Фото : Аз гуруҳи Кумитаи футболи РӯшонСабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон дар Маскав
Сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон дар Маскав

Мусобиқаи мазкур аз соли 2009 инҷониб гузаронида мешавад.

Мусобиқаи имсола аз 12 август то 10 сентябри соли равон дар майдони варзишии "Авангард"-и Маскав гузаронида шуд.

Лентаи хабарҳо
0