ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар ин бора намояндаи Кумитаи футболи созмони ҷамъиятии "Нур" Ҳиммат Маҳбатов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки дар даври ниҳоӣ дастаҳои "Вамар 1" ва "Вамд 1" рақобат мекунанд.
Барои ҷои сеюм дастаҳои "Барзуд" ва "Барӯшон" қувваашро хоҳанд озмуд.
Ба иттилоъи манбаъ даври ниҳоӣ ва маросими туҳфасупорӣ имрӯз аз соати 14:00 дар майдони Авангарди Маскав шурӯъ мешавад. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши мухлсони футбол хоҳад шуд.
Ҷоми Рӯшон бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Нур" ва "Помир" бо дастгирии Федеросюни муҳоҷиратӣ ташкил шудааст.
"Имсол барои ҷои якум 60 ҳазор рубл, ҷои дуюм 40 ҳазор ва мақоми сеюм 20 ҳазор рубл ҷудо шудааст", — гуфт Ҳиммат дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Ин сабқатро доварони касбии рус ва довталабони созмони "Нур" баҳогузорӣ мекунанд.
Имсол дар мусобиқаи футбол 14 даста — "Вамд — 1", "Дерзуд — 1", "Вамд — 2", "Деҳрӯшон", "Дерзуд — 2", "Барзуд", "Вамар — 2", "Шидз", "Собиқадорони Вамар", "Пастхуф", "Дӯстӣ", "Баррӯшон", "Вамар — 1" ва "Шуҷанд" ширкат карданд.
Мусобиқаи мазкур аз соли 2009 инҷониб гузаронида мешавад.