Озмуни Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли чаҳор вазифа

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли чаҳор вазифа озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон, барои ишғоли чаҳор вазифа: сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва бақайдгирии ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой), мутахассиси пешбари шуъбаи назорати ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой), мутахассиси дараҷаи I шуъбаи назорати ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой), бозраси пешбари шуъбаи назорати бонкии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (1 ҷой) озмун эълом кардааст.

Здание МВД РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВКД барои беҳтарин идея 3000 сомонӣ медиҳад

Дар озмун хоҳишмандоне, ки дорои маълумоти олии иқтисодӣ мебошанд, метавонанд ширкат кунанд.

Барои ҳамаи довталабон барои дарёфти ин чаҳор ҷои кор донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Аз довталабон ҳамчунин доштани малакаи корбурд бо компютер ва таҷрибаи корӣ дар бонк ва донистани қонунгузории Тоҷикистон талаб мешавад.

Манбаъ меафзояд, ки мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 22 сентябри  соли 2017 мебошад.

Маълумоти бештареро дар бораи шартҳои озмун ва номгӯи ҳуҷҷатҳо  дар торномаи бонк дарёфт карда метавонед.    

Лентаи хабарҳо
0