ВКД барои беҳтарин идея 3000 сомонӣ медиҳад

© SputnikЗдание МВД РТ, архивное фото
Здание МВД РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилӣ барои пешниҳоди идеяи ҷолиб барои барномаҳои телевизионии "Ахбори ВКД" ва "Милитсия-ҳомии ҷомеа" озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ба гузориши ВКД ҶТ, дар ин озмун рӯзноманигорони боистеъдод ва ботаҷриба ҳуқуқи ширкатро доранд.

"Тарҳи пешниҳодкардаи онҳо бояд, тарзи нави таҳияи гузоришҳои криминалӣ, ҷолиб ва пурмазмунтар намудани барномаҳо ва аз ҷойи ҳодиса инъикос кардани ҳодисаю воқеаҳоро фарогир бошад", — омадааст дар эълом.

Манбаъ меафзояд, ки дар озмун тамоми рӯзноманигорони боистеъдод ва ботаҷриба метавонанд иштирок намуда, идеяҳои ҷадид ва мутобиқ ба замони муосирро дар шакли лоиҳа пешниҳод намоянд.

Барои сегонаи аввал мукофотҳои пулӣ дода мешавад: барои ҷойи якум – 3000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ, барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.

Барои маълуоти бештар оиди озмун ВКД телефонҳо барои тамосро мунташиркардааст: 223-23-31, 93-992-0000.

Лентаи хабарҳо
0