Фоҷиа: падар духтари яксолаашро бо худрав пахш кард

© SputnikМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фоҷиа дар ноҳияи Хуросон ба амал омадааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, падар духтари яксолаашро бо худрав пахш кардааст.

"Рӯзи7-уми сенятбри соли 2017, тахминан соати 17:20 Баҳодур Ҷонимқулов, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Хуросон, дар дохили ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми ба қафо рондани автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-Астра", аз беэҳтиётии худ духтари хурдсолаш, Ҷонимқулзода Маҳина Баҳодур соли таваллудаш 2016-ро пахш намудааст",- омадааст дар хабарнома.

Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Пассажирский автобус перевернулся под Тулой. Кадры с места ДТП - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳи бозгашт аз Русия ба садама афтоданд

Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Тоҷикободро бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан дастгир намуданд.

Номбурда, 15-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 10:00-дақиқа, дар назди ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми ба қафо рондани автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-Астра", аз беэҳтиётиаш духтари ноболиғаш, Хосияти Меҳроҷиддин, соли таваллудаш 2013-ро, ки ба бозӣ машғул будааст, пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0