Ҷоми Рӯшон дар Маскав: даври нимниҳоии футбол дар Рӯзи истиқлол баргузор мешавад

© Sputnik / Каллиников КириллЛетний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве
Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маскав даври нимниҳоии сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 8 сен- Sputnik. Дар ин бора намояндаи Кумитаи футболи созмони ҷамъиятии "Нур" Ҳиммат Маҳбатов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки даври нимниҳоӣ пагоҳ, 9 сентябр гузаронида мешавад.

Аз чаҳордаҳ дастае, ки дар ин сабқат ширкат карданд, ахиран чаҳор даста дар даври нимниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Рӯшон рақобат хоҳанд кард: инҳо "Вамар —1", "Барзуд", "Вамд — 1" ва "Барӯшон".

Ба иттилоъи манбаъ бозии нимниҳоӣ рӯзи шанбе, 9 сентябр дар Рӯзи истиқлоли давлатии ҶТ, соати 12:00 дар майдони варзишии "Авангард"-и Маскав оғоз мешавад.

Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Чаҳордаҳ даста барои дарёфти Ҷоми Рӯшон ва 60 ҳазор рубл рақобат мекунанд

Ҷоми Рӯшон бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Нур" ва "Помир" бо дастгирии Федеросюни муҳоҷиратӣ ташкил шудааст.

"Имсол барои ҷои якум 60 ҳазор рубл, ҷои дуюм 40 ҳазор ва мақоми сеюм 20 ҳазор рубл ҷудо шудааст", — гуфт Ҳиммат дар суҳбат ба Sputnik

Тоҷикистон.

Ин сабқатро доварони касбии рус ва довталабони созмони "Нур" баҳогузорӣ мекунанд.

Имсол дар мусобиқаи футбол 14 даста — "Вамд — 1", "Дерзуд — 1", "Вамд — 2", "Деҳрӯшон", "Дерзуд — 2", "Барзуд", "Вамар — 2", "Шидз", "Собиқадорони Вамар", "Пастхуф", "Дӯстӣ", "Баррӯшон", "Вамар — 1" ва "Шуҷанд" ширкат карданд.

Мусобиқаи мазкур аз соли 2009 инҷониб гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0