ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи ҶТ ҷавони 24-солаи шаҳри Хуҷандро дар куштори маъшуқааш муттаҳам мекунад.Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда, тахминан соати 02:00-дақиқаи шаби 6-уми сентябри соли 2017, ҳангоми дар кӯчаи Навободи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштанаш, аз ҳиссиёти рашк бо маъшуқааш, зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 12-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.