ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии созмон, Дабири кулли СПАД рӯзҳои 7-9 сентябр ба Тоҷикистон меояд.
"Рӯзҳои 7-9 сентябр сафари Дабири кулли СПАД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Дар чорчӯби ин сафар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нақша аст", — омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин сафар баррасии масоили омодагӣ ба нишасти Шӯрои амнияти ҷамъиятӣ, Ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котиботи Шӯрои амният гуфта мешавад, ки қарор аст, тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Минск доир гардад.
Ҳамчунин дар ин сафар Юрий Хачатуров бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо мулоқот хоҳад кард.
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Белорус ба ин ташкилот шомиланд. Ҷумҳурии Ӯзбакистон соли 1999 аъзогиашро дар созмон ба таври якҷониба қатъ кард.