ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Сарони кишварҳо роҳҳои таҳкими сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро муҳокима намуданд.
Дар бораи ин дабири кулли Созмони Аҳдномаи дастаҷамъӣ Николай Бордюжа баъди ба итмом расидани ҷаласа, дар Санкт-Петербург изҳор дошт.
"Масъалаи бадшавии вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба Тоҷикистон дар самти таҳкими сарҳад, махсусан ба пуррагӣ баррасӣ гардид",-илова кард Бордюжа.
Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки мушкилот дар ҷаҳон кам намешавад ва муноқишаҳои дерина ба пуррагӣ ҳалли худро намеёбанд.
"Мо медонем, ки авзои аксари минтақаҳои ҷаҳон чӣ гуна аст. Шумораи мушкилоти "гарм" кам намешавад, муноқишаҳои дерина мутаассифона дар он сатҳе, ки хоҳиши ҳалли онҳо аст, ҳал намешаванд",-изҳор дошт Путин.
Ӯ қайд кард, ки сухан дар бораи Афғонистон, Сурия ва дигар минтақаҳо меравад, хабар медиҳад РИА Новости.
Ҳамчунин президенти Русия ба ҳамтоёни худ роҳҳои ором намудани вазъият дар Сурия ва ҳамкориҳои Туркия ва Эронро нишон дод.
Ба гуфти Бордюжа дар умум дар рафти ҷаласа диққати асосӣ ба вазъияти ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон дода шуд.