Эмомалӣ Раҳмон: ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба сатҳи бесобиқа олӣ расиданд

© Фото : Пресс служба президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзномаи чинии "Жэмин жибао" бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мусоҳиба кард

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистону Чин ба сатҳи бесобиқа олӣ расидаанд.

Ба саволи рӯзнома оиди мулоқот навбатӣ бо раисҷумҳури Чин ва баррасии рушди ҳамкориҳо, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки пеш аз ҳама ба рушди муносиботи ҳарду кишвар, сафарҳои мунтазами кишвардорон таъсиргузор аст.

"Пеш аз ҳама мехоҳам таъкид намоям, ки эътимоди сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва Чин ба сатҳи бесобиқа олӣ расиданд. Ба ин, пеш аз ҳама, сафарҳои мунтазам ва мутақобилаи ҷонибҳо дар сатҳи олӣ мусоидат карданд. Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи сентябри соли 2014 ба Душанбе ба ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Чин дар ҳамаи самтҳое, ки ҳам ба манфиати мардумони мо ва ҳам ба манифати таъмини сулҳу субот дар минтақа равона шудаанд бешка такони ҷиддӣ бахшид",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Таджикский алюминиевый завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чин дар Тоҷикистон корхонаи коркарди мис бунёд мекунад

Дар идомаи суҳбат раисҷумҳур аз даъвати Си Ҷинпин ба нишасти БРИКС, изҳори хушнудӣ карда гуфтааст, ки "гуфтушунидҳо дар Пекин, ки ман боварии комил дорам дар фазои барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хос, яъне дар фазои форам ва дӯстии самимона баргузор мешаванд, барои мо имкониятҳои беҳтареро ҷиҳати баҳо додан ба натиҷаҳои рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Чин дар давоми солҳои охир фароҳам оварда, вазифаҳои навро барои тақвият додани шарики стратегии мо муайян месозад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки бо раисҷумҳури Чин рафти татбиқи шартномаҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, чорабиниҳои якҷояро, ки баҳри амиқ намудани шарики Тоҷикистону Чин дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ – сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мудофиа ва амният, фарҳанг ва маориф, ва рушди муносибатҳои байниминтақавӣ равона шудаанд, мувофиқа хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0