ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сямэни музофоти Футсзян барои ширкат дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС бо президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ мулоқот кардааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ширкати куҳкории Зиҷин ва Тоҷикистон дар бахши афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон мубодилаи афкор кардаанд.
Тибқи нақшаҳои оянда ширкат ният дорад, ки дар Тоҷикистон як корхонаи истеҳсолии коркарди мис бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосир бунёд намояд.
"Ин ширкат тайи 10 соли фаъолияти хеш дар Тоҷикистон беш аз 450 милюн дулор сармоягузорӣ намудааст. То имрӯз истеҳсоли солонаи тилло ба 20 тонна ва шумораи коргарон ба бештар аз 2 ҳазор нафар расонда шудааст, ки 98 фисади онро мутахассисони маҳалӣ ташкил медиҳанд", — омадааст дар хабарнома.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барои кормандони корхонаи муштараки Зарафшон, сурат гирифт.