ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бонки марказии Узбакистон барои нахустин бор нархи баробарии сӯм бо сомонии Тоҷикистонро эълом кард.
Бино бар додаҳои Бонки марказии Узбакистон, ки рӯзи гузашта дар сомонаи расмиаш мунташир ёфт, 1 сомонӣ баробари 920, 45 сӯми Узбакистон мебошад.
Дар зимн, 1 тангаи Қазоқистон баробари 23,9 сӯм, 1 соми Қирғизистон баробари 117, 68 сӯм ва 1 манати Туркманистон баробари 2320,92 сӯм аст.