ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Домуллоҷон Ҷабборов — як сокини шаҳри Хуҷанд, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон ва корманди собиқи Ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар синни 64-солагӣ дар Макка даргузаштааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Афшин Муқим иттилоъ дод.
Бино бар иттилои сухангӯи кумита, Домуллоҷон Ҷабборов 1-уми сентябр — рӯзи Иди Қурбон вафот кардааст. Далели даргузашти ҳоҷии тоҷикро масъулин ҳоло муайян мекунад.
Дар ин бора дар гурӯҳҳои Фейсбук низ иттилоъ дода шудааст. Гуфта мешавад, марҳумро дар Макка ба хок супориданд ва маросими ёдбуди ӯ дар шаҳри Хуҷанд низ баргузор шуд.
Афшин Муқим афзуд ҳоло наздики 6200 ҳоҷии тоҷикистонӣ дар Арабистони Саудӣ қарор доранд.
"Ҳоҷиён қисман дар Макка ҳастанд ва қисми дигарашон ба Мадина равонанд",- афзуд вай.
Гурӯҳи аавали ҳоҷиёни тоҷик 11-уми сентябр ба Тоҷикистон бар хоҳанд гашт.