ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати вилоят, Нилуфар Асланшоева Раиси ВМКБ Шодихон Чамшед сармухаррири нашрияи расмии Тоҷикистон-"Ҷумхурият" Қурбоналӣ Раҳмонзодаро ба ҳузур пазируфт.
"Ҷиҳати ҳамкории судманд ва дастгирии фаъолияти рӯзнома дар вилоят, Қурбоналӣ Раҳмонзода ба раиси вилоят Шодихон Ҷамшед "Сипоснома" тақдим намуд", — омадааст дар хабарнома.
Дар ин дидор Шодихон Ҷамшед гуфтааст, ки сари вақт дастрас гардидани рӯзномаҳои даврӣ ба аҳолӣ имкон медиҳад, ки аз руйдодҳои сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар огаҳӣ пайдо намоянд.
Қурбоналӣ Раҳмонзода аз ҳамкориҳои самарабахши ҳукумати вилоят бо ин нашрия изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, ки аз сифати обунашави ба рӯзномаи "Ҷумхурият" дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аён аст, ки роҳбарияти вилоят нисбати дастрас намудани нашрияҳое, ки сиёсати имрӯзаи роҳбарияти олии сиёсии кишварро инъикос мекунанд, таваҷҷӯҳи хос дорад.