ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Раиси вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо нишони "Роҳсози фахрӣ" сарфароз гардид. Дар ин бора сӯхангӯи раиси вилоят Нилуфар Аламшоева гузориш медиҳад.
Тавре қайд мегардад, "Шодихон Ҷамшед барои саҳми арзандааш дар барқароркунии оқибатхои офати табиӣ дар ноҳияи Дарвоз ва дар муддати кутоҳтарин барқарор намудани қитъаи вайронгардидаи як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Кулоб-Дарвоз-Мургоб-Кулма-Карокурум дар худуди деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз раиси вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо нишони "Рохсози фахрӣ" сарфароз гардид."
Гуфта мешавад дар ин бора вазири нақлиёти Тоҷикистон фармоне ба тавсиб расонидааст.
Сел дар ноҳияи Дарвоз шоми 9-уми июл фурӯ рехта ва бино ба гуфтаи аҳолии ноҳияи Дарвоз, дар он сӯи рӯд рустоҳои Деҳхо ва Хвандро бо бисёре аз хонаҳову кишту боғҳояшон вайрон кардааст.
Шабҳангом сатҳи об дар пушти сарбанди селовард беш аз даҳ метр баланд шуда ва дар ин сӯи рӯд се хонаро дар рустои Ширговад гирифт.
Шоҳроҳи байналмилалии Дуашанбе — Кӯлоб — Қалъаи Хумб, ки ду рӯз пештар аз ин ҳодиса дар деҳаи Хостав баста шуда буд, дар Ширговад низ зери об монд.
Пас аз талошҳои роҳсозон ва баратарфсозии оқибатҳои офати табиӣ роҳ билохира 24-уми июли соли равон боз шуд.