ДУШАНБЕ, 4 сен— Sputnik. Вазири умури хориҷии Индонезия Ретно Марсуди ва раҳбари ВУХ Мянма До Аун Сан Су Чжи вазъи мусулмонони Ракҳайнро муҳокима мекунанд.
Ба гузориши оҷонсии Рейтер, яке аз муҳимтарин масъалаҳои ин дидор — кумаки башардӯстона ба намояндагони қабилаи Роҳинҷа хоҳад буд.
"Мо пешниҳоди Индонезияро дар бораи кумаки башардӯстона ба Ракҳайн ба тамом муҳокима мекунем", — менависад оҷонсӣ аз қавли Марсуди.
Интизор меравад, ки Ретно Марсуди ба Бангладеш сафар карда ҳукумати ин кишварро барои кумак ба мусулмонон даъват кунад.
Ҳазорон шаҳрвандон рӯзи душанбе дар назди сафорати Мянма дар Ҷакарта ва Маскав ба тазоҳурот баромада, ҳукумати Мянмаро барои қатъи амалиёт даъват карданд.
Мусулмонони Маскав барои дастгирии мусалмонони қабилаи Роҳинҷа дар назди сафорати Мянмаи Маскав намоз гузоштанд. Эътирозгарон дар назди сафорат ҷамъ шуда бо шиорҳои "Мо зидди куштор" баромад карданд.
Шумораи эътирозгарони мусулмон алайҳи "қатли ом"-и Мянма, дар назди сафорати ин кишвар дар Маскав, чунон зиёд шуд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андешидани чораҳои зарурӣ гузаштанд.
"Кормандони пулис ба касе кор надорад. ОМОН сафоратро посбонӣ дорад", — гуфт яке аз шоҳидони ҳол.
Ёдоварӣ мекунем, ки амалиёти артиши Мянма дар вилояти Ракҳайн рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба 20 посгоҳи пулис оғоз ёфт. Ин амалиёт ба куштори чандин мардуми осоишта боис шуд. Гуфта шуд, ки беш аз 400 мусулмон дар ин амалиёт қатл шудааст.
Дар изҳороти артиши Мянма гуфта мешавад, ки дар паи баргузории 90 амалиёт, ки рӯзи 25 август оғоз шудааст, 370 ҷангҷӯй нобуд карда шуд.
Ҳукумати Мянма мардуми дигар эътиқодро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд дар ҳоле, ки мусулмонони Роҳинҷа дар Бангладеш паноҳ меҷӯянд.