ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Шумораи эътирозгарони мусулмон алайҳи "қатли ом"-и Мянма, дар назди сафорати ин кишвар дар Маскав, чунон зиёд шуд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андешидани чораҳои зарурӣ гузаштанд.
Мақомоти қудратии Маскав тариқи баландгӯяк мусулмононро даъват мекунад, ки ин ҷоро тарк кунанд, вале эътирозгарон ба даъвати пулис эътибор намедиҳанд.
"Кормандони пулис ба касе кор надорад. ОМОН сафоратро посбонӣ дорад", — гуфт яке аз шоҳидони ҳол.
Шумораи эътигозгарон аз ҳазор гузаштаасту онҳо барои гузаштани худравҳо монеъ шудаанд. Барои таҳти назорат гирифтани эътироз, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ду тарафи роҳ тасмаҳои ҷудокунанда гузоштаанд. Соате пеш мусулмонон дар ҳаққи қабилаи Роҳинҷа дуо карданду намоз гузоштанд.
Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир нашудани рӯзноманигорони шабакаҳои расмӣ, эътирозгарон таҳдиди банд кардани роҳи Болшая Никитинскаяро доранд. Аксарияти эътирозгарон дар интизори расонаҳои расмӣ аз қабили шабакаи якуми Русия ҳастанд, то назари ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳодисаи Мянма ҷалб кунанд.
"Бигзор ба назди мо бароянд!", — дод мезананд эътирозгарон ба сӯи кормандони сафорати Мянмаи Маскав.
Ёдоварӣ мекунем, ки амалиёти артиши Мянма дар вилояти Ракҳайн рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба 20 посгоҳи пулис оғоз ёфт. Ин амалиёт ба куштори чандин мардуми осоишта боис шуд. Гуфта шуд, ки беш аз 400 мусулмон дар ин амалиёт қатл шудааст.
Дар изҳороти артиши Мянма гуфта мешавад, ки дар паи баргузории 90 амалиёт, ки рӯзи 25 август оғоз шудааст, 370 ҷангҷӯй нобуд карда шуд.
Ҳукумати Мянма мардуми дигар эътиқодро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд дар ҳоле, ки мусулмонони Роҳинҷа дар Бангладеш паноҳ меҷӯянд.