ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин Ноиби Президенти Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Пинг имзо карданд.
Ҳамчунин дар чорчғби сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар шаҳри Пекин маросими имзои як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.
Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
— Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
— Ёддошти тафоҳум байни Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии ҳастаии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои ҳастаӣ бо мақсади осоишта;
— Ёддошти тафоҳум байни Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии рушди авиатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди коркарди системаҳои бесарнишини ҳавоӣ, барои мақсадҳои гуногун;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати "Ғаюр Саноат" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Синхуа Тиен Чен"
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати "Ғаюр" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Джинно гласс серамик групп";
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати "ТАЛКО"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Юнан;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати "ТАЛКО" ва Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн)
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати "ТАЛКО" ва Ширкати сармоягузории Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент.
Манбаъ меафзояд, ки пас аз имзои санадҳои ҳамкорӣ тавассути бунёди коргоҳҳои муштараки саноатӣ, маблағҳои зиёди сармояи ширкатҳои чинӣ ба иқтисодиёти кишвари мо ворид гардида, дар таъсиси ҷойҳои корӣ, истифодаи неъматҳои модии кишвар, рушди бахшҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.
То имрӯз санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба наздики 200 санадро ташкил медод ва он бахшҳои муҳимро дар бар мегирифт.
Дар доираи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Чин дар маҷмӯъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.