Дар Тоҷикистон вуруди бонувони ҳиҷобдор ба бархе аз идораҳои давлатӣ мамнуъ шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкДевушки мусульманки, архивное фото
Девушки мусульманки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Идораҳои сабти аҳвол ва дафтарҳои издивоҷ дар Тоҷикистон бо интишори иттилоияҳое дар маҳаллот ва маконҳои умумӣ, аз мамнуияти вуруди бонувони боҳиҷоб ба ин идорот хабар додаанд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Pars Today", дар ин иттилоияҳо бо истинод ба банди 10 Қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон ба завҷҳои ҷавоне, ки қасд доранд барои сабти ақди худ ба идороти сабти аҳвол ва дафтарҳои издивоҷ муроҷиа кунанд, эълом шудааст, ки аз даҳуми сентябр истифода аз ҳиҷоби исломӣ дар ин идораҳо мамнуъ аст.

Книжная ярмарка - Sputnik Тоҷикистон
На ҳиҷобу на домани кӯтоҳ: дастур барои донишомӯзон дар Тоҷикистон

Бар асоси банди 14 Қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон тамоми афроди ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ муваззаф ҳастанд фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз кунанд.

Ҳамчунин ба волидони донишомӯзон номаҳое ирсол шудааст бо ин мазмун, ки вуруди бонувон бо пӯшиши исломӣ ба кӯдакистонҳо ва мактабҳо мамнуъ аст.

Дар Тоҷикистон дар як моҳи ахир барои нахустин бор дар торихи ин кишвар талош шудааст ба таври расмӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои идорӣ ва тиҷорӣ аз ҳиҷоби исломии бонувон ҷилавгирӣ шавад.

Ин тарҳ аз сӯи Кумитаи умури занон ва хонавода ба баҳонаи муқобила бо "фарҳанги бегона" иҷро шудааст.

Лентаи хабарҳо
0