Додгоҳ як шаҳрванди Узбакистонро ба иттиҳоми теруризм боздошт кард

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкРассмотрение ходатайства следствия об аресте М. Кодирова
Рассмотрение ходатайства следствия об аресте М. Кодирова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муродбек Қодиров дар додгоҳ иқрор кард, ки қасд дошт дар шаҳру вилояти Маскав амалиёти теруристӣ анҷом диҳад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав шаҳрванди Узбакистон Муробек Қодировро ба дархости Созмони амнияти федероли Русия барои ду моҳ боздошт кард.

ФСБ Русия ин шаҳрванди Русияро дирӯз дастгир карда ва муттаҳам ба омодасозии амалиёти теруристӣ дар шаҳру вилояти Маскав кардааст.

Задержание подозреваемых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ФСБ боз ду теруристи ДОИШ аз Осиёи Марказиро дастгир кард

Додгоҳи шаҳри Маскав дархости Созмони амнияти федеролиро қонеъ карда ин шаҳрванди Узбакистонро барои ду моҳ боздошт кард.

Муродбек Қодиров дар додгоҳ иқрор кард, ки қасд дошт дар шаҳру вилояти Маскав амалиёти теруристӣ анҷом диҳад. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки дар вилояти Фарғона зода шудаву зиндагӣ мекарда ва ҳамонҷо ҳамсару фарзанде дорад ва 10 март Маскав омадааст.

Бозҷӯёни Созмони амнияти Русия ӯро муттаҳам ба узвият дар созмони теруристии "Давлати исломӣ" ва омодасозии амалиёти ҳаросафканӣ ба дастури ин гурӯҳ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0