ФСБ боз ду теруристи ДОИШ аз Осиёи Марказиро дастгир кард

© ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкЗадержание подозреваемых, архивное фото
Задержание подозреваемых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Теруристҳои дастгиршудаи "Давлати исломӣ", ки қасд доштанд дар шаҳру вилояти Маскав амалиёти интиҳорӣ анҷом диҳанд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Созмони амнияти федероли Русия (ФСБ) аз дастгир кардани ду шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода, ки қасд доштаанд 1 сентябр дар шаҳру вилояти Маскав амалиёти интиҳорӣ баргузор кунанд.

Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон: ФСБ ба мо иттилоъ надодааст

Дафтари равобити умумии ФСБ иттилоъ дода, ки дастгиршудагон узви гурӯҳаки теруристии "Давлати исломӣ" (ё ДОИШ, ки фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъст) буда ва ҳангоми бозҷӯӣ аз онҳо шумораҳои тамос бо таблиғгарони ДОИШ ва раҳнамоҳои баргузории амалиёти интиҳорӣ ёфта шудааст.

В Твери ФСБ задержала пятерых человек, подозреваемых в связях с исламскими террористами - Sputnik Тоҷикистон
ФСБ панҷ муҳоҷир аз Осиёи Марказиро дастгир кард. Навори боздошт

"Яке аз ин дастгиршудагон дар остонаи Рӯзи дониш дар интернет хитобае видюӣ барои аъзои созмони теруристии "Давлати исломӣ" мунташир ва бо теруристҳо байъат кардааст. Аз телефони ӯ шумораҳои таблиғгарони ин созмон ва барномаи амалиёти ҳаросафканӣ дар шаҳру вилояти Маскав ёфт шудааст", —  гуфта мешавад дар иттилоъияи ФСБ Русия.

Созмони амнияти Русия миллияту шаҳрвандии ин дастгиршудагонро ошкор накардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки ФСБ дар миёнаҳои моҳи август дар Маскав чаҳор ҷангҷӯро дастгир карда буд, ки яке аз онҳо шаҳрванди Русия ва дигарон шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Лентаи хабарҳо
0