Пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Пекин

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми рӯзи 30 август Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Чин шуд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмонон идона ороста шуда буд, намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

"Ба хотири пазироии раисҷумҳури Тоҷикистон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин партавафшонӣ дошт", — омадааст дар хабарнома.

Рахмон с начальником объединенного штаба освободительной армии Китая Ли Зо Ченом - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур бо сардори артиши Чин амнияти марзи Афғонистонро баррасӣ кард

Интизор меравад, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии  Чин Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқот хоҳад кард.

Ҷумҳурии Чин шарики стратегии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурЭмомлаӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Пекин. Акс аз бойгонӣ
Эмомлаӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Пекин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомлаӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Пекин. Акс аз бойгонӣ

Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро тақрибан 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад.

Пештар хабар дода шуд, ки Чин Тоҷикистонро ба нишасти БРИКС даъват кард.

Лентаи хабарҳо
0