Посухи раиси шуро ба Вазорати маориф: аз ҷузъиёти ислом бехабаранд, ман посухе надорам!

© SputnikСаидмукаррам Абдулкодирзода
Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маорифу илми Тоҷикистон 25-уми август қарор кард, ки соли хониши 2017 - 2018 аз 1 сентябр оғоз шавад, ҳарчанд он рӯз дар Тоҷикистон иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад

Чанде пеш Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон карда буд, ки иди Қурбон имсол 1-уми сентябр фаро мерасад. Бино бар Қонуни таътилоти расмии Тоҷикистон, иди Қурбон дар ҳар рӯзе, ки фаро расад, рӯзи расмии таътил эълон мешавад. Вале ба гумони бархе аз коршиносон, Вазорати маорифу илм ин қонунро нодида гирифта, донишомӯзону донишҷӯён, омӯзгорону устодонро аз рӯзи таътилу ид маҳрум кардааст.

Ин қарори Вазорати маорифу илм дар ҷомеа вокуниши густардаеро дар пай овард ва аксар бар онанд, ки ин ниҳод ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистонро нақз кардааст.

Ахиран Вазорати маорифу илм ба яке аз ин вокунишгарон — дуктур Ҷовид Муқим, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, посух гуфт ва "исбот" кард, ки фаротар аз чорчӯби қонун нарафта ва эълом шудани 1-уми сентябр чун оғози соли нави хониш дар ин маврид бо қонун созгор аст. Ин ниҳод аз омӯзаҳои исломӣ низ далел оварда то собит кунад, ки ҳаққ ба ҷонибаш аст. Аз ҷумла дар посухи вазорат гуфта шудааст:

Празднование Ид аль-Фитр или Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Имомон аз волидон даъват карданд, рӯзи иди Қурбон фарзандонро ба мактаб фиристанд

"… Шурои уламо бар асари мақоми ваколатдор буданаш метавонист санаи таҷлили Иди Қурбонро ба таври дигар муайян кунад. "Профессор"-и муҳтарам, ҳам акнун бигӯед, ки мақоми кадоме болотар аст: қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" ва ё тасмими Шурои уламо"?.

Вазорат ҳамчунин афзудааст:

"Иловатан ба тафсирҳои ҳуқуқӣ, ки дар боло зикр кардем, мехостем аз нигоҳи дини мубини ислом низ ба "профессор"-и муҳтарам як нуқтаро хотирасон намоем. Чунонки ҳамагон медонанд, калимаи нахустини раббонӣ ё ин, ки ваҳйи илоҳӣ, ки ба пайёмбари ислом нозил гардид, "Иқраъ!" буд. Яъне, "Бихон!", на "Ид кун!", "Ибодат кун!", "Ҳаҷ кун!" ва ё амсоли он. Ба ибораи дигар, бо ишораи "Бихон!" бандагонашро ба илм омӯхтан даъват кардааст. Пас, Вазорати маориф ва илм магар хато кардааст, ки ҳазорон насли наврасро, хусусан онҳоеро, ки бори аввал қадам ба мактаб мениҳанд, ба хондан, дониш андӯхтан, таълим гирифтан даъват кардааст? Аз ин рӯ, муҳтарам "профессор", тасмими Вазорати маориф ва илм, ки хонандагону донишҷӯёнро дар рӯзи ид ба хондан сафарбар кардааст, ба руҳияи илмпарваронаи дини ислом низ мутобиқати комил дорад".

Дар пайи ин посухҳои вазорат ва вокунишҳои зиёди мардум Sputnik Тоҷикистон ба раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода муроҷиат кард ва аз ҷаноби домулло пурсид, ки оё Шурои уламо метавонист, бо истифода аз ваколатҳояш, чӣ тавре ки вазорат мегӯяд, иди Қурбонро ба дигар рӯз вогузор кунад ва оё дар ҳақиқат сураи "Иқраъ" ва рӯзи иди Қурбону оғози соли хониш аз нигоҳи Ислом рабте бо ҳамдигар дорад ё не?

— Домуллои муҳтарам, дар Тоҷикистон, ки имсол иди Қурбон ва Рӯзи хониш ҳамзамон шудаанд, баҳсҳои зиёде ба миён омадаст. Вазорати маориф дар посух ба вокуниши Ҷовид Муқим, гуфтааст, ки Шурои уламо метавонсит бо истифода аз ваколаташ иди Қурбонро ба дигар рӯз вогузор кунад. Оё Шурои уламо ба ин гуфтаҳои вазоарт посухе дорад?

— Ба номи Худованди бениҳоят меҳрубон ва бениҳоят бахшанда. Масъалаи ид ба аъзои Шурои уламо,  ба Шурои уламо ва  ба раиси Шурои уламо  вобастагӣ надорад. Ин вобаста ба ҳамон моҳ аст, ки кай пур мешавад ва кай шуруъ мешавад. Вақте ки моҳи нав шуруъ мешавад — ҳисоби қамарӣ ва ибодатҳо дар ислом, хусусан рӯза ва иди Қурбон вобаста ба ҳамин моҳ аст, ки аз рӯзи шуруъи моҳ ин рӯзҳо муайян мешавад ва ба касе ҳам вобаста нестанд.

Масъалаи дигар ин ки дар Тоҷикистон ҳеч маҳдудияте нест ва намедонам кӣ гуфта ки Шуро бояд рӯзи иди Қурбонро тағйир диҳад. Якуми сентябр бо рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа баробар аст, ки иди Қурбон аст. Дар баробари ин донишомӯзон мераванд дарсҳои худро шуруъ мекунанд, пас аз мактаб меоянд ва рӯзи шанбе ба онҳо истироҳат дода шудааст, ба пурраггӣ иди худро мегузаронанд. Лекин ид аслан, аз назари нуқтаи дини Ислом, хондани намоз аст, ки дар саросари Тоҷикистон соати 06:30 намози ид хонда мешавад ва қурбонӣ кардан аст, ки дар саросари Тоҷикистоон бе ҳеч мамнуъият анҷом меёбад. Ҳоло идгардаки кӯдакон ё ки вобаста ба кӯдакон ё кормандои маориф, рузи 1-уми сентябр, ки Рузи дониш аст, пас аз қарори Вазорати маорифи Тоҷикистон бигзор ба мактаб раванд ва рӯзи шанбе ид кунанд, ба зиёрати ҳамдигар раванд ва ба сари оромгоҳҳо раванд. Ҳеч тағийрот, ё ин ки гуноҳ ё ин ки ягон чизе масъалаи муҳиме нест. Хулоса, бо Рӯзи дониш эълон шудани 1-уми сентябр, ки ҳамзамон Иди Қурбон аст, ягон мушкилие пеш намеояд.

Праздник Курбан-Байрам в Московской Соборной мечети. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз барои иди Қурбон: Дар мактабҳои Маскав соли хониш аз 4-уми сентябр оғоз мешавад

- Вазорат дар ҳамин вокуниш нуктаи дигареро ҳам ёдоварӣ кардааст, ки аввалин сураи Қуръон "Иқраъ" аст ва гуфта, ки "маънои он хондан аст, на Ид кун!", "Ибодат кун!", "Ҳаҷ кун!". Шумо гуфтаашонро чигуна арзёбӣ мекунед?

Хоҳари азиз, ҳар касе ки аз хаёли худ ҳар чизе мегӯяд, ман масъул нестам, ки ба фикри кадом як инсони ғайримутахассис ҷавоб гӯям. Касе гуфтааст, ғайримутахассис аст ва аз ҷузъиёт ва куллиёти дин ва улуми динӣ ва маърифати исломӣ ба пуррагӣ огоҳ нест ва ман масъул нестам, ки ҷавоби онро диҳам. Бояд ба он кас муроҷиат кард, ки дар кадом асос ин суханҳоро таъкид кардаанд…

— Бисёр сипосгузорем аз посухҳоятон, домуллои гиромӣ. Иди Қурбон муборакатон бод!

— Саломат бошед, муваффақ бошед!

Лентаи хабарҳо
0