ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабарро волидони донишомӯзон баррасӣ кардаанд. Аксари онҳо изҳори норозигӣ баён мекунанд, ки барои чӣ аз барои иди Қурбон соли хониш 3 рӯз дертар оғоз меёбад.
Бино бар иттилои расонаҳои русӣ дар бархе аз макбтабҳои Маскав аз барои он ки 1-уми сентябр мусулмонон иди Қурбонро ҷашн мегиранд, Рӯзи дониш ба 4-уми сентябр гузаронида мешавад.
Ба рӯйхати ин гуна муассисаҳои таълими мактабҳое ворид шудаанд, ки дар ҳудуди ноҳияи Мешанский- наздикии масҷиди ҷомеъ ҷойгир шудаанд.
Волидон норозиёна ба маъмурияти мактабҳо муроҷиат карданд, аммо дар посух шунидаанд, ки бояд ба Раёсати маориф муроҷиат кард, зеро ин қарор бо идораи мазкур ҳамоҳанг шудааст.
Дар Маскав дар рузи ди Қурбон чанде аз кӯчаҳои марказӣ баста мешавад. Аз ҷумла дар кӯчаҳои назди Масҷиди ҷомеи Маскав нақлиётҳои ҷамъиятӣ ҳаракат намекунанд.