ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад коргардони ҷавон ва муваффақ Муҳиддин Музаффар нахустнамоиши филми "Тангно"-ро 6-уми сентябр баргузор мекунад.
Филм аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон "Тангнои гетӣ" ва ба коргардонии Муҳиддин Музаффар таҳия ва сохта шудааст. Филм асосан дар зодгоҳи нависанда, деҳаи Амондараи шаҳри Панҷиканд ва қисман дар шаҳри Маскав наворбардорӣ шудааст.
Филм муамоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро бозтоб дода, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати тоҷиконро бозгӯ кардааст ва аз сахтии рӯзгори Армон ном писараке қисса мекунад, ки падараш ба Русия рафтаву дигар бар нагаштааст. Нақши аслиро дар ин филм Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридаааст.
Ҳунармандони шинохтае чун Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова низ дар ин филм нақш иҷро кардаанд.
Гуфтанист, ки дар филми "Тангно" ҳунарпешаҳои наве низ бозӣ кардаанд, ки аз роҳи ҳунарозмоӣ интихоб шудаанд. Аз ҷумла дар ин филм беш аз 10 кӯдаки 4 то 13-сола нақш бозӣ кардаанд.
Ҳайъати ҷавони киностудияи "Суғдсинамо" директори филм Осими Орифпур, наворбардорон Комил Урунбоев ва Акмал Абдураҳмонов, рассом Тоҳири Назар, пардозгар ва рассоми либос Абдуазиз Абдураҳмонов, ёварони коргардон Темур Султонов, Абдусафо Қосимов, ёвари продюсер Кароматуллои Нор, ёвари наворбардор Қобилҷон Шарипов, ёвари рассом Сӯҳроб Муллошоев, нурпардозон Фаридуни Музаффар ва Даврон Восидӣ, оҳангсоз Зайнидин Каримов, танзимгар ва созандаи эфектҳои визуалӣ Фарҳод Ғаффорпур, садобардор ва садогузорон Фаррух Мамадов ва Алишер Каримов таҳияи филмро дар соли ҷавонон туҳфаи арзанда барои тамошобинон медонанд.