ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Филми кӯтоҳмуддати «Коса», ки тавассути Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо коргардонии Муҳиддини Музаффар ба навор гирифта шудааст, дар Қазон се роҳхатро ба фестивалҳои байналмиллалӣ ба даст овард, қайд мекунад хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
"Тавре, ки қаблан маълум гардид, филми мазкур ба фестивали байналмилалии Лондони Британияи Кабир даъват шудааст. Илова бар ин филми "Коса" ба ду фестивали байналмилалӣ, ки дар Рими Италия ва Даккаи Бангладеш доир мешаванд, даъват шуд"- менависад манбаъ.
Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд таъсис ёфта, давоми як сол се филм- филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун», филми кӯтоҳмуддати «Коса» ва филми бадеии «Дувоздаҳ соли интизорӣ»-ро ба навор гирифтааст.
Хотиррасон мекунем, ки коргардон Муҳиддини Музаффар рӯзҳои наздик ба сабти филми дарозмуддати дигар бо номи "Тангно" аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон дар шаҳри Панҷакент оғоз мебахшад. Муассисаи давалатии "Суғдсинамо" ба нақша гирифтааст, ки аллакай аз моҳҳои аввали соли оянда сар карда, филми тазае бо номи "Вақте, ки сайёра ранги худро дигар мекунад " сабт менамояд.