ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохила дар ноҳияи Носири Хусрав ҷавони 25-солае аз деҳаи Сангобаро ба иттиҳоми суъиқасд ба ҷони марди 45-сола дастгир кардаанд.
Ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, ин муттаҳам 25-уми июн бо марди 45-солае ҷанҷол карда ӯро бо табар задааст. Дар натиҷа ин мард сахт захмӣ шудаву дар бемористон бистарӣ гаштааст.
Нерӯҳои интизомӣ барои бозҷӯии шароити ин қазия парванда оғоз кардаанд.